26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сокинони Ҷамоати деҳоти Доғистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин корҳои ободонӣ ва ҳашарҳои дастҷамъона мегузаронанд

118
Бо дастгирӣ аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳаи Шаҳри барбари Ҷамоати деҳоти Доғистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо истифода аз техникаҳои мавҷуда корҳои ободонӣ ва ҳашарҳои дастҷамъона гузаронида мешаванд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Дар доираи ин тадбир барои ҳаракати мунтазам ва бехатарии воситаҳои наклиёт роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ сангфарш карда мешаванд.
Сокинони Ҷамоати деҳоти Доғистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин корҳои ободонӣ ва ҳашарҳои дастҷамъона мегузаронанд
Бино ба иттилои сокини деҳоти Доғистони ноҳия Тоҳир Назиров, роҳи Ҷамоати деҳоти Доғистон аз роҳи мошингарди асосӣ то маркази деҳот, ки беш аз 6 киллометрро ташкил медиҳад, аз нав ҳамвор ва сангфарш карда шудааст. Дар деҳаи Шаҳри барбари деҳоти мазкур низ сокинон икдом гирифтаанд, ки бо гузаронидани корҳои заминӣ роҳи маҳаллиро пурра сангфарш намоянд.
Сокинони Ҷамоати деҳоти Доғистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин корҳои ободонӣ ва ҳашарҳои дастҷамъона мегузаронанд
Баъди анҷоми корҳои пешбинишуда дар рӯзҳои бориши давраи зимистон ва мавсими баҳор ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ осон мегардад.

Дар ин деҳоти ноҳия, ки сокинон асосан ба кишоварзӣ машғуланд, имрӯзҳо бо истифода аз боду ҳавои мусоид шудгор ва кишти тирамоҳии зироати кишоварзӣ идома дорад. Аз 190 гектар майдони умумии кишт дар деҳоти мазкур кишоварзон икдом гирифтаанд, ки дар майдони 80 гектар ғалла кишт кунанд.

Барои замина гузоштан ба ҳосили фаровон ва дар муҳлати хуби агротехникӣ ба анҷом расонидани маъракаи кишт имрӯзҳо бо истифода аз техникаи зарурӣ шудгори заминҳои барои кишти баҳорӣ пешбинишуда низ ҷараён дорад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво