24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Саховатмандону сокинон деҳаи Шаҳрисабзи шаҳри Турсунзодаро ба майдони корҳои созандагӣ табдил додаанд

249
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов ва Турсун Тӯйчиев корҳои таъмиру тармими роҳу ҷӯйборҳо ва чароғонкуниву сабзазоркунӣ вусъати тоза гирифтаанд. Ба ин иқдоми созанда ҷавонмардони саховатманд ва сокинони бонангу ори Ҷамоати деҳоти Регар низ пайравӣ намуда, тавассути ҳашарҳои дастаҷамъона корҳои созандагиро вобаста ба рушди маҳал вусъат медиҳанд.

Котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов изҳор дошт, ки имрӯзҳо аз ҳавои мусоиди фасли зимистон истифода намуда, деҳаи Шаҳрисабзи шаҳр ба майдони корҳои созандагӣ табдил ёфтааст. Саховатмандону сокинон бо эҳсоси баланди ватандорӣ барои ободонии маҳал камари ҳиммат баста, ба таъмиру тармими роҳу ҷӯйборҳо машғуланд.

Ҳамзамон дар ин деҳа корҳои беҳдошти муҳити зист ва чароғонкуниву хуррамгардонӣ муташаккилона идома доранд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво