27 январ 2022, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҶАВОНОН. 32,9%-и шумораи умумии аҳолии Тоҷикистонро насли аз 14 то 30-сола ташкил медиҳад

23
10 ноябр ҳамасола Рӯзи умумиҷаҳонии ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба ифтихори таъсиси Федератсияи умумиҷаҳонии демократии ҷавонон (ВФДМ) (World Federation of Democratic Youth, WFDY) эълон гардидааст. Соли 1945 аз 29 октябр то 10 ноябр дар шаҳри Лондон Конфронси умумиҷаҳонии ҷавонон баргузор шуда, барои таъсиси ин рӯз сабаб гардид.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон 12 август расман Рӯзи байналмилалии ҷавонон эълон гардидааст, вале дар баробари ин ҳамасола як ҳафтаи моҳи май дар мамлакат чун ҳафтаи ҷавонон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ин амал шаҳодати он аст, ки давлату ҳукумати мамлакат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Мувофиқи таҳлилҳои оморӣ, 32,9%-и шумораи умумии аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони аз 14 то 30-сола ташкил медиҳанд. Синни миёнаи аҳолӣ дар мамлакат 25 солро дар бар мегирад. Дар 17 соли охир шумораи ҷавонон 33% зиёд гардида, дар ин давра ба ҳисоби миёна ҳамасола 1,9% шумораи ҷавонон дар ҳоли афзоиш мебошад.

Тавре мудири бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат Дилошӯб Розиқзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати инкишофи ҳамаҷонибаи фаъолияти сиёсии ҷавонон, ҳамзамон баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии насли ояндасози кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолгардонии сиёсати ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пайваста баҳри беҳбудии ҳаёти ҷавонон талош меварзанд.

-Яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ — ташаккул ёфтани сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имконияти васеи рушди такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ арзёбӣ мегардад.

Шароити фароҳамшуда баҳри рушду инкишофи имконияти зеҳнӣ, ҳамчун шахси комил бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ гардидани насли наврасу ҷавони кишвар мусоидат намуд, ки ин дар навбати худ дар замири онҳо қобилияти нави инсониро кашф ва боварию эътимодашонро ҷиҳати анҷоми корҳои созандагӣ ба маротиб боло бурд.

Бояд тазаккур дод, ки муҳимтарин рукни таҳкими истиқлолият ва сулҳу осоиштагӣ маҳз ҷавононанд, зеро бо неруи созандаву иқтидорманд, қувваю тавон, диду нигоҳи тоза, зиракӣ ва ақидаҳои солими хеш дар рушди ҷомеа ва ободии Ватан саҳми босазо мегузоранд,- гуфт Дилошӯб Розиқзода.

Ба зикри мавсуф, ҷавонон ба унвони неруи созанда ва ҳалқаи мустаҳками пайванди наслҳои башар нақши муҳим ва рисолати бузургеро дар ҷомеа бар дӯш доранд. Пешрафти миллат бидуни саҳми ҷавонон тасаввурнопазир буда, шукуфоӣ, зебоӣ ва созандагиву беҳбудии зиндагӣ аз ҷавонон ғайрату матонати зиёд тақозо мекунад.

Ҷавонони тоҷик дорои эҳсоси баланди ватандорӣ, андешаҳои солими сиёсӣ ва заковатманду созанда мебошанд. Сокинони кишвар бо ин гуна насли ҷавони худ ифтихор доранд.

«Ҳукумати ҷумҳурӣ ва хусусан Пешвои миллат аз лаҳзаҳои аввали ба даст овардани истиқлолият то ба имрӯз ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳ нисбат ба ҷавонон буд, ки пас аз шаш моҳи соҳибистиқлолӣ ва ягонагӣ 13 марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ба тасвиб расида, 17 марти соли 1994 нахустин мулоқоти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон доир гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, қонуни асосии ҷавононро қабул кард. Дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» барномаҳои марбут ба сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла, «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 1999-2000», «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2002-2005», «Барномаи ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2010-2011», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2013-2015, 2016-2018 ва 2019-2022» қабул гардид. Ҳамчунин барои дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонону наврасон аз 26 феврали соли 1998 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, омӯзишгоҳҳо ва коллеҷҳо таъсис дода шуд. Аз 20 марти ҳамин сол Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ доир ба корҳои намоён дар соҳаи илму техника барои олимони ҷавонон таъсис ёфт»,- афзуд мавсуф.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво