26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Зиёда аз 70% аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд

181
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Зиёда аз 70% аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд
Рӯзи байналмилалии ҷавонон (International Youth Day) ҳамасола 12 август таҷлил карда мешавад. Ин ҷашн аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ 17 декабри соли 1999 бо пешниҳоди Конфронси умумиҷаҳонии вазирон оид ба умури ҷавонон, ки 8-12 августи соли 1998 дар Лиссабон (Португалия) баргузор гардид, таъсис дода шудааст.

Тафсилоти бештар дар шарҳи хабарнигорони АМИТ «Ховар».

Рӯзи байналмилалии ҷавонон нақши ҷавононро дар рушд ва бунёди сулҳ ва мушкилоти рӯзмаррае, ки дар роҳи онҳо истодаанд, хотиррасон менамояд.

Дар гузориши ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои ҷавонон, ки дар соли 2020 интишор шудааст, шумори ҷавонони аз 15 то 24 сола 1,21 миллиард нафарро ташкил медиҳад, ки ба 15,5% аҳолии ҷаҳон баробар аст. Тибқи пешгӯиҳо, то соли 2030 шумораи ҷавонон ба 1,29 миллиард нафар (15,1% шумораи умумии аҳолии Замин) ва то соли 2050 — қариб 1,34 миллиард нафар (13,8% аз шумораи умумии аҳолии сайёра) мерасад.

Дар Тоҷикистон беш аз 70% аҳолии кишварро ҷавонони синн то 35-сола ташкил медиҳанд. Дар ин бора 21 майи соли равон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо ҷавонони кишвар иброз намуда буданд.

Ҳамчунин бояд зикр кард, ки тибқи маълумоти Хазинаи нуфуси СММ, Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки ҷавонон дар он бартарӣ доранд, синни миёнаи аҳолӣ 22,5 сол аст.

Бар асоси омори СММ, суръати афзоиши аҳолӣ махсусан дар гурӯҳи 47 кишвар, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд боқӣ мемонад. Аҳолии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 9 миллиону 504 ҳазор нафар буд. Аз рӯи суръати афзоиши аҳолӣ дар тӯли 30 соли охир Тоҷикистон дар байни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мақоми аввалро касб кард. Дар аввали соли 1991 аҳолии ҷумҳурӣ 5,3 миллион нафар ва то соли 2021 афзоиши он тақрибан 80% -ро ташкил дод.

Ҳамасола СММ барои таҷлили Рӯзи байналмилалии ҷавонон мавзӯъ таъйин мекунад. Дар соли 2020, мавзӯи рӯз «Ҷалби ҷавонон ба амали глобалӣ» буд. СММ чунин мешуморад, ки иштироки ҷавонон дар механизмҳои сиёсӣ адолати равандҳои сиёсиро афзоиш медиҳад, демократикунонии онҳоро таъмин месозад, ба сиёсати муассиртар ва устувортар мусоидат менамояд, инчунин эътимодро ба ниҳодҳои давлатӣ, ки ба гуфтаи СММ, заиф шуда истодааст, мусоидат мекунад.

Аз рӯи омори расмӣ, Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар гуфтаанд: «Ин нишондиҳанда аз мо талаб мекунад, ки дар соҳаи тарбия ва рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва ҷисмонии ҷавонон дар ҷомеа тадбирҳои зиёд андешем».

Ба гуфтаи Президенти Тоҷикистон, дар тӯли сӣ соли Истиқлолият дар кишвари мо заминаи меъёрию ташкилӣ ва инфрасохтории сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфтааст, даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва маҷмӯи масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки бевосита ба ҷавонон алоқаманданд, қабул карда шудаанд.

Дар тӯли солҳои истиқлолияти кишвар бо дарназардошти таваҷҷӯҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун самти афзалиятноки рушди иҷтимоиёт муқаррар карда шуд ва барои ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, ташаккул ва худшиносии насли ҷавон дар шароити ҷомеаи муосир як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон » ба тасвиб расданд.



Марзия САИДЗОДА,
Саид АЛӢ,
АМИТ «Ховар»





ДАР АКС: лаҳзаи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзоёни дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол, дорандагони медалҳои нуқраи Чемпионати Осиё 11 октябри соли 2018 дар Қасри миллат. Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво