26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Намояндаи Тоҷикистон дар СММ аҳамияти расонидани кумаки мустақими фаврии гуманитарӣ ба аҳолии Афғонистонро таъкид намуд

181
15 октябр вохӯрии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Ҷонибек Ҳикмат бо муовини мудири иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар умури барномаҳо Умар Абдӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФро мавриди баррасӣ қарор дода, ба раванди таҳияи Барномаи нави кишварии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва ташкили чорабинии канорӣ дар ҳошияи Конфронси оби Душанбе дар соли 2022 таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ҳамчунин густариши минбаъдаи шарикӣ миёни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ ҷиҳати таҳкими устуворӣ бар зидди ҳамагирӣ низ баррасӣ шуд.

Дар робита ба вазъи имрӯзаи ҳуқуқи башар, бавижа ҳуқуқи занону духтарон дар Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифта, аҳамияти расонидани кумаки мустақими фаврии гуманитарӣ ба аҳолии Афғонистон ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ барои роҳ надодан ба фоҷеаи гуманитарӣ дар ин кишвар таъкид шуд.

АКС аз ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво