24 январ 2022, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе миёни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон мулоқоти дуҷониба доир шуд

49
25 август дар Душанбе миёни Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, ки бо сафари корӣ дар кишвари мо қарор дорад, мулоқоти дуҷониба баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ ҳарду ҷониб рушди баъдии ҳамкории сиёсию иқтисодӣ, амниятӣ, гуманитарӣ, шарокат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ ва СҲШ-ро баррасӣ карда, ҳавасмандии худро барои рушди минбаъдаи он иброз доштанд.

Вазирон ҳамчунин дар робита ба вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва таъмини амнияти минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба 16-17 сентябри соли равон баргузор шудани Саммити ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ дар Душанбе табодули афкор намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво