18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо Антониу Гутерреш эътирофи танҳо ҳукумати фарогири Афғонистонро таъкид намуд

118
1 октябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни суҳбат ҷонибҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва СММ-ро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, гуманитарӣ, муҳитизистӣ ва амният мавриди баррасӣ қарор дода, аҳамияти таҳкими равобити бисёрҷонибаро таъкид карданд.

Муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ, инчунин вокуниши муассир ба пайомадҳои иқтисодӣ-иҷтимоии ҳамагирии COVID-19, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба захираҳои об аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқот буданд.

Ҳамсуҳбатон ба расонидани кумаки фаврии гуманитарӣ ба аҳолии Афғонистон ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ барои роҳ надодан ба фоҷеаи гуманитарӣ дар ин кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Вазири корҳои хориҷӣ зикр намуд, ки Тоҷикистон ҳукумати фарогирро бо шумули ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ ва қавмӣ дар Афғонистон эътироф мекунад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво