26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон

176
Таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон


Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни муқаддаси миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Обидов Фозил Саидович – Раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Парлумон, ҳамзамон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии Шоҳмансур, Мирзозода Иброҳим Холмурод – Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Гулаҳмадзода Зулфиқор – Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва кормандони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита иштирок намуданд.
Таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон


Муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода А.Р. меҳмононро хайрамақдам гуфта, ҳозиринро бо 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Мушовири директори Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” Ҷумъа Зокир дар бораи душвориҳои солҳои аввали истиқлолият ҳарф зада, аз ҷавонон хоҳиш намуд, ки ба қадри сулҳу осоиштагӣ бирасанд. Номбурда мамлакати ҳамсоя- Афғонистонро мисол овард.
Таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон


Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур тасмим гирифтаанд, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда гузоштан дар ташвиқу тарғиби барномаҳо ва ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин иштироки фаъолона дар корҳои ободониву созандагӣ кормандони Кумитаро бо Ифтихорномаи ҳизб қадрдонӣ намоянд. Дар вазъияти тантанавӣ ба як гуруҳ ҷавонони Кумита, ки тоза ба сафи ҳизб шомил гардиданд, билетҳои ҳизбиро супориданд.

“РБ”




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво