29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Мактаби сиёсии Пешвои миллат – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон»,-таҳти ин унвон дар Хатлон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

334
10 декабр дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Хақии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба 26-солагии таъсисёбии ҲХДТ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» баргузор гардид. Конференсия дар чор бахш — “Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ”, “Иқтисодиёт ва энергетика”, “Ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ” ва “Кишоварзӣ ва саноатикунонӣ” ва 13 мавзӯи бо ҳам алоқаманд ҷараён гирифт.

Пеш аз оғози конференсия дар назди Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ташаббуси масъулини кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бахшида ба 26-солагии таъсисёбии ҳизб намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва аз ҷониби Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав намоиши китобҳои тозанашр ба тамошо гузошта шуд.

Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ Паёми шодбошии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати рӯзи таъсисёбии ҳизб ба самъи иштирокдорони конференсия расонид. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қиёмуддин Миралиён зикр кард, ки ҳар як андеша, нуқтаи назар ва пешниҳоди созанда — мусоидаткунанда ба рушди устувори кишвар барои мо муҳим аст.

Дар конференсия як қатор фаъолони ҳизб аз ҷониби Раёсати Марказии Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо ифтихорномаҳо ва сипосномаҳо қардонӣ карда шуданд.

Дар қисмати кор дар бахшҳои конференсия беш аз 50 мақолаҳои илмӣ аз донишгоҳу донишкадаҳои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар пешниҳод гардида, нахустин Маҷмӯаи мақолаҳо бо номи «Мактаби сиёсии Пешвои миллат», ки тоза аз чоп баромааст, дастраси иштирокчиёни чорабинӣ гардонида шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво