26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба шарафи ҷашни миллӣ дар Роғун 113 иншоот ба истифода дода шуданд

195
Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатпеша ва саҳми аҳолию дастгирии мақомоти иҷроия дар ҳудуди шаҳри Роғун бунёди 145 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 113 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳр Абдулмумин Худойдодов.

Зикр шуд, ки дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ муташаккилона идома доранд. Аз 145 иншооти нақшавӣ 15 адад ба соҳаи маориф, 7 иншоот ба соҳаи тандурустӣ, 10 иншоот ба соҳаи фарҳанг, 9 иншоот ба соҳаи варзиш, 7 иншоот ба соҳаи кишоварзӣ, 19 иншоот ба соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рост омада, 8 адад корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ва 4-то ҳаммом ва кошонаи ҳусн мебошанд. То имрӯз дар ҳамаи иншооти ба истифода дода шуда 1079 ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ муҳайё карда шудааст.

Тибқи иттилои масъулини ҳукумати шаҳри Роғун, моҳи сипаригардида дар доираи чорабиниҳои идона бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҳаллаи Ёли гармобаи Ҷамоати деҳоти Қади об кошонаи ҳусн ва мағозаи хӯрокворӣ, дар маҳаллаи Майдони нави шаҳри Роғун Маркази ҳунарҳои мардумӣ, коргоҳи дӯзандагӣ ва дорухона, дар деҳаи Ҷавонӣ маркази хизматрасонӣ, иборат аз кошонаи ҳусн, мағоза, нуқтаи шустушӯйи мошин ва таъмири нақлиёт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, 2 километр роҳи деҳаи Ҷавонӣ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ асфалтпӯш карда шуд.



Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво