7 декабр 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Маркази саломатии маркази ноҳияи Рӯшон бо дастгирии Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон навсозӣ гардид

974
Сафорати давлати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта барои тармиму таҷдиди бинои маркази саломатӣ, ки дар маркази ноҳияи Рӯшон ҷойгир аст, бештар аз 80 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо кард ва дар зарфи як сол бинокорони маҳаллӣ бинои мазкурро бо сифати баланд ба истифода доданд. Ҳангоми боздид аз ин марказ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҷопон дар Тоҷикистон Хаҷиме Китаоки ба сифати кори бинокорон баҳои баланд дода, изҳори умедворӣ кард, ки бо истифода аз чунин шароити мусоид сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба меъёрҳои замони муосир боз ҳам наздиктар хоҳад шуд.
Ба гуфтаи раиси ноҳия Худоёр Худоёров, ин бори аввал нест, ки сафорати Ҷопон дар ҳалли баъзе аз мушкилоти иҷтимоии сокинони ноҳия кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ба наздикӣ бо кумаки беғаразонаи сафорати мазкур дар деҳаи Емси водии Бартанг як неругоҳи хурди барқӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва таъмири канали обгузари деҳаи Барзуд идома дорад.
Назар ба иттилои масъулини шуъбаи тандурустии ноҳия, аз 80 муассисаи табобатӣ 25-тоаш дар давраи истиқлолият бунёд ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида шуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво