20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Хоруғ: Оқибатҳои заминларза бартараф мешаванд

1809
Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ дар маркази ноҳияи Рӯшон дар мактаб-интернате, ки дар он барои заррадидагони заминларза ҷой ҷудо шудааст, бо мардум ва масъулин вохӯрӣ намуд. Масъалаи асосии вохӯрӣ кумак ба зарардидагон, кушодани роҳҳо ва бартараф намудани оқибатҳои заминларза буд.

Тибқи маълумоти воридшудаи ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии ВМКБ дар натиҷаи заминҷунбии 7 декабр рухдода дар ҳудуди вилоят 237 хона пурра валангор шуда, 588 хона қисман зарар дидаанд. Инчунин 10 мактаб, 1 мактаби ибтидоӣ пурра, 9 мактаби миёна қисман, 3 китобхона, 2 хонаи фарҳанг, 1 Маркази саломатӣ, 1 неругоҳи хурди барқӣ дар деҳаи Разудҷи водии Бартанг қисман зарар дидаанд. Роҳи нақлиётии самти Рӯшон- Бартанг то километри 86-уми деҳаи Чадуд бо ҷалби 2 булдозери ДТ-75 кушода шуд. Инчунин аз маркази ноҳияи Рӯшон 1 автогрейдер ва 1 Боркунак ба мавзеи км-и 32-юми деҳаи Разудчи водии Бартанг сафарбар гардиданд. Байни деҳаҳои Чадуд ва Япшорви водии Бартанг 1 кӯпруки нақлиётгард дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, ки гузаштани мошинҳо аз болои он ғайриимкон гардидааст. Барои бурдани корҳои бартарафкунии оқибати заминларза дар мавзеъҳои мазкур техникаю механизмҳо намерасанд. Бояд гуфт, ки гурӯҳи кории ҳукумати вилоят бо роҳбарии раиси вилоят дар деҳаи Басид қарор дорад.

Ҳамчунин гурӯҳҳои кории ҳукумати вилоят таҳти роҳбарии муовинони раиси вилоят дар маркази ноҳияи Рӯшон ва деҳаи Чадуди водии Бартанг қарор доранд. Дар ноҳияи Рӯшон ситод оид ба рафъ намудани оқибатҳои заминларза фаъолият дорад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво