Имрӯз гурӯҳи дуюми ҳайати олимпии Тоҷикистон ба Токио сафар кард
129
Субҳи 26 июл гурӯҳи дуюми ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон — варзишгарону мураббиёни намудҳои варзиши сабук ва шиноварӣ ба шаҳри Токиои Ҷопон сафар карданд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар намуди варзиши сабук Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 Илдар Аҳмадиев (мураббӣ Ғайрат Неъматов) ва дар намуди шиноварӣ Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (мураббӣ Муҳаммад Табаров) намояндагӣ мекунанд. Илдар Аҳмадиев дар дав ба масофаи 100 метр миёни мардҳо 31 июл сабқат мекунад. Финали ин масофа 1 август ба нақша гирифта шудааст. Хотиррасон мешавем, ки Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов 30 июл дар мусобиқаи шиноварӣ ба масофаи 50 метр, тарзи озод ҳунарнамоӣ мекунанд. Нимфинали ин масофа 31 июл, финал 1 август баргузор мешавад.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |