23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ноиби Президенти КМО Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов ба иштирокчиёни Олимпиада ва федератсияҳои варзишӣ 935 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ва грант тақдим кард

148
10 июл дар ҷаласаи 20-уми Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии (КМО) Тоҷикистон ва қабл аз Бозиҳои олимпии Токио-2020, аз номи ноиби Президенти КМО Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов ба ҳайати олимпии Тоҷикистон кумакпулӣ ва ба 17 федератсияи варзишӣ грант дар ҳаҷми умумии 935 000 сомонӣ тақдим шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба КМО Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни баргузории ҷаласаи қаблии Ассамблеяи генералӣ муовини Президенти КМО Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов иқдом намуда буд, ки барои рушди 20 федератсияи варзишӣ грант дар ҳаҷми як миллион сомонӣ ҷудо кунад. Ин ташаббус барои фаъолияти муътадили федератсияҳои варзишӣ давоми то як сол мусоидат менамояд.

Ҳамин тариқ, барои танзими масъалаҳои гранти ноиби Президенти КМО Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов комиссияи корӣ таъсис ёфта, 17 федератсия лоиҳаи дархостӣ пешниҳод карданд. Ҳар гранти чудошуда 50 000 сомонӣ буда, ба рушди федератсияҳои миллии варзишӣ нигаронида шудааст.

Инчунин аз ҷониби Шамсулло Соҳибов ба варзишгароне, ки барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифтаанд ва тибқи саҳмияи универсалӣ сафарбар мешаванд, мутаносибан 10 000 сомонӣ ва 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси муқаррароти низомномаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ сазовори медали тилло мешаванд, 300 000 сомонӣ, барои медали нуқра 200 000 сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 150 000 сомонӣ ҷоизапулӣ мегиранд.

Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов ва раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Дилшод Назаров аз номи аъзои кумита ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби Президенти Кумита Шамсулло Соҳибов барои дастгирӣ ва кумак изҳори сипос намуданд.

Ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 11 нафар иборат мебошад: Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (бокс), Гулсумбӣ Шарифова, Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо), Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (шиноварӣ).




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво