27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Варзишгари ҷавони тоҷик Илдар Аҳмадиев ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифт

169
Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук Илдар Аҳмадиев дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 иштирок мекунад. Ӯ тавассути саҳмияи универсалии Созмони варзиши сабуки ҷаҳонӣ имкони иштирок дар Олимпиадаи Токиоро, дар дав ба масофаи 100 метр пайдо намуд.

Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи муқаррароти Созмони варзиши сабуки ҷаҳонӣ, ба кумитаҳои миллии олимпие, ки варзишгаронашон миёни мардон ё занон роҳхати мустақим надоранд, иҷозат дода мешавад, ки дар яке аз мусобиқаи варзишӣ беҳтарин варзишгари мард ё занро пешниҳод намоянд. Дар варзиши сабук аз кишвари мо миёни бонувон Гулсумбӣ Шарифова дар дав ба масофаи 200 метр роҳхати олимпӣ ба даст овард, вале варзишгаронамон миёни мардон натавонистанд меъёри муайянкардаи олимпиро иҷро намоянд.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон номзадии Илдар Аҳмадиев ва Григорий Дерепаскинро барои ноил шудан аз саҳмияи универсалӣ пешниҳод намуданд ва Созмони варзиши сабуки ҷаҳонӣ номзадии Илдарро пазируфт.

Мавриди зикр аст, ки Илдар Аҳмадиев танҳо ҳамин сол дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар Ӯзбекистону Қазоқистон ширкат карда, натиҷаҳои хуб нишон дод. Ӯ дар Чемпионати кушоди Ӯзбекистон, ки 28-29 майи соли равон, дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, дар масофаи 100 метр медали тилло, дар ҷаҳиш ба дарозӣ медали биринҷӣ ва дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Косанов дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баръакс дар ҷаҳиш ба дарозӣ медали тилло, дар масофаи 100 метр медали биринҷӣ ба даст овард.

Ҳамин тариқ, ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба 8 нафар расид. Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев (ҳар ду бокс), Гулсумбӣ Шарифова (варзиши сабук), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (дзюдо) ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат ба даст овардаанд.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои олимпии Токио-2020 бо таъхири яксола аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво