29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Номи чор паҳлавони тоҷик ба 20-гонаи беҳтаринҳои ҷаҳон ворид гардид

214
Чор нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштин шомили 20-гонаи беҳтаринҳои ҷаҳон шуданд. Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин (UWW) раддабандии бозбинишудаи беҳтаринҳои ҷаҳонро нашр кард, ки номи чор варзишгари тоҷик – Ҳикматулло Воҳидов, Муҳаммад Икромов, Искандари Рустам ва Мубинҷон Ахмедов низ ба 20-гона ворид шудааст. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Мавқеи беҳтарро миёни паҳлавонони тоҷик Муҳаммад Икромов дорад. Ӯ дар раддабандии вазни 61кг-и гӯштини тарзи озод ҷои 12-умро сазовор шудааст. Ҳикматулло Воҳидов дар ҷои 13-уми вазни 57кг-и ҳамин равия мавқеъ дорад. Паҳлавони шинохтаи кишвар Искандари Рустам ҷои 17-уми вазни 97кг-ро гирифтааст. Дар равияи гӯштини юнонӣ-римӣ як нафар варзишгари мо – Ахмедов Мубинҷон ба 20-гона ворид гардидааст. Ӯ дар ҷои 20-уми вазни 63кг ҷой гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки ин чор варзишгари тоҷик соли гузашта дар Чемпионати Осиё сазовори медал шуда буданд. Ҳикматулло Воҳидов ва Муҳаммад Икромов медали нуқра, Искандари Рустам ва Мубинҷон Ахмедов медали биринҷиро соҳиб шуданд. Муҳаммад Икромов инчунин охири соли 2020 дар Ҷоми ҷаҳон, ки дар шаҳри Белгради Сербия доир шуд, ҷои панҷумро сазовор гашт.

Миёни онҳо ҷиҳати омодагӣ барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 Муҳаммад Икромов ва Мубинҷон Ахмедов аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво