26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Туркия густариш меёбад

215
Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия тасмим гирифтааст, ки ҳамкории фарҳангиро, на танҳо дар соҳаи ҳунару синамо, балки дар соҳаи китобдорӣ низ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад. Аз ҷумла, китобҳои адибони маъруфи тоҷикро бо сифати баланд дар Туркия ба нашр расонад, то мардуми туркия аз таъриху фарҳанги миллати қадимаи тоҷик боз ҳам бештар ошноӣ пайдо намояд. Ин матлабро муовини Вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия Нодир Алпаслан зимни мулоқот бо муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода, ки 14 июн дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, баён дошт.

Дар ин бора аз маркази матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода пешниҳод намуд, ки Рӯзҳои фарҳангии ду кишвар- Тоҷикистону Туркия дар кишварҳои ҳамдигар баргузор гарданд.

«Баргузории ин рӯзҳо мардумони ду кишварро, ки дар ҳунармандӣ, синамову театр, фарҳанг ва ғайраҳо қаробат доранд, боз ҳам наздиктар месозад»,-илова кард Манучеҳр Шарифзода.

Ин пешниҳод аз ҷониби муовини Вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия бо хушҳолӣ пазируфта шуд.

Ҳамчунин зимни мулоқот иброз гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ муносибатҳои фарҳангӣ бо кишвари Туркия хеле рушд намуда, як қатор созишномаҳо, ёддоштҳои тафоҳум, барномаҳои ҳамкории фарҳангӣ, аз қабили «Барномаи табодули фарҳангӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия», Лоиҳаи «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба таъсис ва фаъолияти марказҳои фарҳангӣ», Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва маъмурияти шаҳри Кунияни Туркия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, гуманитарию фарҳангӣ, ки бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа гардидааст, ба имзо расидаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво