29 июл 2021, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Ба ифтихори зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ Туркия дар Душанбе чорабиниҳои фарҳангӣ доир менамояд

711
Туркия тасмим гирифтааст, ки ба ифтихори зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор намояд.

Дар ин робита дар Душанбе зимни мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Рифат Кёксал масъалаҳои марбут ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Туркия, бахусус чорбиниҳои гуногуни фарҳангӣ дар иртибот ба зодрӯзи Мавлоно Ҷалолдидини Балхии Румӣ баррасӣ гардиданд.

Сафири Туркия Алӣ Рифат Кёксал иброз дошт, ки дар доираи ҷашнвораи мазкур ташкили барномаи консертӣ бо иштироки ҳунарпешаҳои рақси дарвешии турк, намоиши мусаввараҳои рассоми машҳури Туркия Даря Вар, ки иштирокчии Намоишгоҳи байналмилалии рассомон баҳри сулҳ «Гавҳари Роҳи бузурги абрешим» аст, дар назар дошта шудааст.

Ҳамзамон дипломати турк иттилоъ дод, ки ба ифтихори зодӯзи Мавлоно дар Душанбе баргузории конференсияи муштарак оид ба мероси адабии Ҷалолиддини Балхии Румӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Тоҷикистон ва иштироки насли 22-юми Мавлоно Эсим Челеби Байру, ки роҳбари Фонди Мавлоно дар Туркия мебошад, инчунин намоиши ғизоҳои туркӣ дар назар аст.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода гуфт: «Ҷашнвораи мазкур аз ҷониби мардуми тоҷик хеле хуш пазируфта хоҳад шуд, зеро тоҷикон нисбат ба Мавлоно, ки шахсияти ҷаҳонист, муҳаббати бузург доранд. Ҳар сол 30 сентябр, ки зодрӯзи Мавлоност, дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлавихонӣ гузаронида мешавад. Инчунин китоби «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно асари маҳбуби ҳар як хонадони тоҷик аст».

Хотиррасон меномоем, ки моҳи декабри соли 2012 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари расмиашон ба Туркия оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румиро дар шаҳри Қуния зиёрат намуда, бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи Мавлоно мулоқот ороста буданд.






Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво