27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БМТ ба «Си Эйч Эл Интернешнл» барои хизматрасонии махсус ба муҳлати 3 сол иҷозатнома дод

133
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Си Эйч Эл интернешнл» барои хизматрасонии махсус бо асъори хориҷӣ ба муҳлати 3 сол иҷозатнома дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

— Ин тадбир дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», андешида шудааст, — афзуд манбаъ.

Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор вазифадор карда шуд, ки дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдорро ворид намояд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво