26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бонки миллии Тоҷикистон: Воҳидҳои сохтории ташкилоти маблағгузории хурд табдили ном намуданд

167
Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд номи «маркази хизматрасонии бонкӣ» танҳо ба бонкҳо маҳсуб ёфта, марказҳои хизматрасонии ташкилоти маблағгузории хурд «маркази хизматрасонии маблағгузории хурд» ном бурда мешаванд.

Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тағйиру иловаҳои мазкур ба «Тартиби таъсиси воҳидҳои сохторӣ аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ ва филиалҳои онҳо» аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуданд.

Тибқи санади мазкур, номи воҳидҳои сохтории ташкилоти маблағгузории хурд аз «маркази хизматрасонии бонкӣ» ба «маркази хизматрасонии маблағгузории хурд» иваз карда шуда, тағйиру иловаҳо бо мақсади мушаххасан пешбинӣ ва муайян намудани мафҳумҳои маркази хизматрасонии бонкии бонкҳо, бонкҳои исломӣ, ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, ташкилоти қарзии ғайрибонкии исломӣ ва мафҳуми маркази хизматрасонии маблағгузории хурди ташкилоти маблағгузории хурд ва ташкилоти маблағгузории хурди исломӣ таҳия шудаанд.

-Бинобар ин, ташкилоти маблағгузории хурд вазифадоранд, ки вобаста ба тағйиру иловаҳои ба тартиби мазкур воридшуда ҳамаи овезаҳо ва лавҳаҳои марказҳои хизматрасонии худро дар муҳлати наздиктарин ба талабот мутобиқ намоянд, иттилоъ манбаъ.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво