18 август 2022, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъор баста мешаванд

894
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон Дастурамали №211 “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ”-ро қабул кард ва он пас аз нашри расмӣ дар амал татбиқ мешавад.
Тибқи талаботи дастурамали номбурда тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъор баста шуда, амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷӣ танҳо дар хазинаҳои марказҳои хизматрасонии бонкӣ, филиалҳо ва саридораҳои ташкилоти қарзӣ анҷом дода мешаванд. Ҳоло муваққатан (то 3 моҳ) амалиёти мубодилавӣ тавассути нуқтаҳои интиқоли пулии дар ин муассисаҳо ҷойгирбуда низ гузаронида мешавад (ба ғайр аз нуқтаҳои интиқоли пулие, ки берун аз ин муассисаҳо ҷойгиранд).
Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон бо муроҷиат ба тамоми шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки зарурияти ин иқдомро ба хубӣ дарк намоянд ва мубодилаи асъорро танҳо дар ҳамин муассисаҳои номбурдаи ташкилоти қарзӣ анҷом диҳанд, зеро мубодилаи асъор дар ҷои дигар қонуншиканӣ ҳисобида шуда, ҳам фурӯшанда ва ҳам харидор баробар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ кашида мешаванд ва маблағҳои пулии онҳо мусодира мегардад.
Шахсони воқеӣ - соҳибкорони инфиродӣ, тоҷирон ва шахсони ҳуқуқӣ - корхонаю идораҳо ва ширкату муассисаҳои савдо барои дарёфти асъори нақди хориҷӣ бояд ба ташкилоти қарзӣ ва муассисаҳои онҳо муроҷиат намоянд.
Ташкилоти қарзӣ имконият ва иқтидори ба асъори хориҷӣ (нақдӣ ва ё ғайринақдӣ) мубодила кардани маблағҳои бо пули нақди миллӣ андухтаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро доранд.






Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво