26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар давраи соҳибистиқлолӣ водии Язгулом ба макони сабзу хуррам табдил ёфт

268
Ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории шуъбаи асосии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар деҳаи Дашти Язгуломи Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ таҳкурсии муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ барои 96 хонанда гузошта шуд. То ҳол кӯдакони ин деҳа 7 километр роҳро тай намуда, барои таҳсил ба деҳаи ҳамсоя мерафтанд.

Деҳаи Дашти Язгулом ҳарчанд дар сари роҳи байналмилалии Кӯлоб-Қалъаихум-Хоруғ-Мурғоб-Кулма ҷойгир бошад ҳам, то давраи истиқлол макони беоб буд. Деҳаи мазкур беш аз 60 гектар замини ҳамвор дорад, аммо бо сабаби набудани оби кишоварзию нӯшокӣ касе дар он на хонаи истиқоматӣ месохту на дар заминаш маҳсулот кишт менамуд. Дар ин ҷо танҳо ду нафар хонавода зиндагӣ мекарданд, ки бо сабаби набудани обу барқ ин мавзеъро тарк намуданд. Ба гуфтаи яке аз сокинони куҳансоли ҷамоати деҳоти номбурда Арзандавлат Гандумаков, “маҳз аз баракати соҳибистиқлолӣ ин дашти сӯхта ба деҳаи ободу зебо табдил ёфта, даҳҳо гектар замини он ба боғу майдони кишт табдил дода шуд”.

Ҳоло дар ин ҷо 30 хонавода зиндагӣ намуда, бо оби нӯшокию кишоварзӣ, неруи барқ, алоқаи мобилӣ ва бунгоҳи тиббӣ таъминанд. Шумораи зиёди сокинони водии Язгулом, ки дар кӯҳдоманҳо зиндагӣ мекунанд, мақсад доранд ба ин деҳа кӯчанд. Бо афзоиши аҳолӣ теъдоди кӯдакону наврасон ҳам зиёд гардида, зарурати бунёди муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ низ ба миён омад. Бинобар ин аз ҷониби шуъбаи сохтмони асосии вилоят барои бунёди 6 синфхона 1 миллиону 275 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шуд ва давоми 10 рӯзи охир корҳои оҳану бетонхобонӣ дар таҳкурсии бинои муассисаи таълимӣ ба анҷом расида, бинокорон ба корҳои хиштчинӣ оғоз карданд.

Бинокорони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Шодмон” тасмим гирифтаанд, ки бинои мазкурро то даҳаи дуюми моҳи август ба истифода супоранд, то хонандагону омӯзгорон имконият пайдо намоянд, ки 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли нави таҳсилу дарси сулҳро дар канори волидону ҳамдеҳагон бо суруру шодмонӣ истиқбол гиранд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво