Бунёди мактаби ибтидоӣ дар Шавуд. Роҳи хонандагон кӯтоҳ мегардад
1838
Хонандагони хурдсоли деҳаи Шавуди ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ барои рафтуомад ба мактаби ҳамсоя, ки дар деҳаи Мотравн ҷойгир аст, ҳамарӯза 16 километр роҳро пиёда тай мекунанд. Баъди чанд моҳ роҳи ин кӯдакон комилан кӯтоҳ мешавад. Бо кумаки молии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маҳали зисти онҳо-деҳаи Шавуд мактаби ибтидоӣ бунёд карда мешавад.
Омӯзгори мактаби деҳа Ҷумъа Рустамов гуфт, ки ин мактаб аз 6 синфхона иборат аст ва бунёди онро худи волидони хонандагон бар дӯш гирифтанд. Дар деҳа 50 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд ва теъдоди хонандагон 33 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин таълимгоҳ то 50 нафар бидуни ягон мушкил таҳсил карда метавонанд. Ба гуфтаи ин омӯзгор, муҳайё кардани шароити мусоид барои кӯдакону наврасон дар деҳоти дурдаст хеле муҳим аст, зеро неку бади зиндагиро танҳо аз кӯдакӣ дар зеҳну тафаккури инсон ҷо кардан мумкин аст. Чун онҳо дар рӯҳияи нек бузург шуда, ба ҳар кунҷу канори дунё ҳам раванд, ҳеҷ гурӯҳе наметавонад шуури онҳоро тағйир диҳад. Танҳо маориф қудрат дорад ҷомеаро аз ҷаҳолату хурофоти асримиёнагӣ наҷот диҳад.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |