27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба Вишхарв оби фаровон омад. Орзуи деринаи сокинони водии Язгулом ҷомаи амал пӯшид

298
Ба деҳаи Вишхарви Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ оби фаровон омад ва сокинони он ба орзуи деринаи худ расиданд. Ҳарчанд барои сабзавоткорӣ, боғдорӣ дар ин деҳа шароити мусоид вуҷуд дошт, аммо бо сабаби камбуди об солҳои тӯлонӣ аксари қитъаи замини ҳамвору ҳосилхези он нокорам боқӣ мемонд.

Сардори хоҷагии деҳқонии деҳаи мазкур Фидоалӣ Орзуев гуфт, ки “ягона роҳи аз оби полезӣ таъмин кардани сокинони деҳа- ин ба воситаи қубурҳои обгузар аз саргаҳи рӯдхонаи Қумочдара интиқол додани об буд. Масофаи байни деҳа ва саргаҳи рӯдхонаи кӯҳӣ 5 километрро дар бар мегирифт ва илова бар ин роҳи мошингузар надошт, ки техникаву масолеҳи сохтмониро сари вақт ва ба осонӣ ба саргаҳи об интиқол диҳанд. Ҳангоми ташрифи навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони деҳа ин мушкили худро ба миён гузоштанд. Бо супориши Сарвари давлат сохтмон ва васлкунии қубурҳои обгузар оғоз ва пас аз се моҳ ба анҷом расонда шуд. Инак дар ин рӯзҳои навбаҳорон, хушбахтона, боғоту киштзорони деҳа сероб гардиданд”.

Яке аз ҷавонони деҳа, ки худро Мустафо Муродов муаррифӣ кард, изҳор дошт, ки “миёни дараи касногузару сангҳои хоро васл кардани қубурҳои обгузар кори саҳлу осон набуд. Аммо сарҷамъии аҳли деҳа ва дастгирии мақомоти давлатӣ, соҳибкорони ватанӣ ва бахусус кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ имконият фароҳам овард, ки дар муддати хеле кӯтоҳ ин мушкили деринаи сокинони деҳа ҳалли худро пайдо кунад. Ҳоло кишоварзон ба обёркунии 14 гектар замин шурӯъ карда, ояндаи наздик боз масоҳати киштзору боғот дар деҳа бештар хоҳад шуд. Мо аз кумаку пуштибонии ҳукумати ҷумҳурӣ хеле мамнуну сипосгузорем”.

Дар ифтитоҳи расмии ин шабакаи обрасонӣ муовини аввали раиси вилоят Алишер Мирзонаботов, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода ширкат намуда, сокинони деҳаро бо ин рӯйдоди муҳим табрик намуданд. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки баъди расидани об ба деҳа масоҳати киштзорону боғҳо бамаротиб афзоиш ёфта, бо ҳамин сатҳи зиндагии деҳотиён боз ҳам беҳтар хоҳад гашт.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво