5 декабр 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сокинони деҳаи Барҷангали ноҳияи Роштқалъа соҳиби бунгоҳи тиббӣ гардиданд

762
Деҳаи Барҷангали ноҳияи Роштқалъа яке аз деҳоти дурафтодаи ин ноҳия ба шумор рафта, ҳаракати мошинҳои мусофиркашу борбар дар роҳҳои ин деҳа кам ба назар мерасад. Аз ин рӯ сокинони деҳа ҳангоми бемории ногаҳонӣ имкон надоранд дар зудтарин фурсат ба табибон муроҷиат кунанд. Бунгоҳи маҳаллӣ дар як бинои кӯҳна ва садамавӣ ҷо гирифта, барои ташхис ва табобат ҳатто таҷҳизоти одӣ надорад. Аз ин рӯ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамкорӣ бо Хадамоти тандурустии Бунёди Оғохон дар ин деҳа бунгоҳи нави тиббӣ бунёд ёфта, бо таҷҳизоти муосири ташхису табобат таъмин гардид. Роҳбари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Мунис 97» гуфт, ки барои сохтмони бунгоҳи мазкур 230 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид ва бинокорон онро дар муҳлати муайяншуда ва мутобиқ ба талаботи замони муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Аз Раёсати тандурустии вилоят иттилоъ доданд, ки танҳо дар соли равон дар се деҳаи дурдасти ноҳияи мазкур ду бунгоҳи тиббӣ ва як маркази саломатӣ сохта шуданд. Ҳамзамон табибони ин бунгоҳҳо ба давраҳои омӯзишӣ ҷалб карда шуданд ва бо барномаи «Тибби оилавӣ» шинос гардиданд. Акнун ин табибон на танҳо дар бунгоҳи тиббӣ беморонро муолиҷа мекунанд, балки дар шароити хона низ метавонанд ба ниёзмандон кумаки тиббӣ расонанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво