26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ҶАВОНОН ВА 30 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ».Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин доир мешавад

265
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҷавонон ва 30 соли истиқлол» Озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин эълон менамояд. Озмуни мақолаи беҳтарин дар ду давр баргузор шуда, то арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъбаст мегардад.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, равнақи зиракии сиёсии ҷавонон ва пешгирии ҳама гуна амалҳои номатлуби иҷтимоӣ роҳандозӣ карда мешавад.

Мақолаҳои пешниҳодшуда бояд фарогири мавзӯъҳои дастоварди ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу гурӯҳҳои тундраву даҳшатафкан, гаравидан ба фарҳанги миллатҳои ғайр ва тақлиди бемаврид ба либосҳои Шарқу Ғарб бошанд.

Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.

Довталабон метавонанд шакли чопӣ ва электронии мақолаҳои худро то 20 июни соли 2021, соати 17:00 ба унвони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Спортивная 6, утоқи 21 ё ба суроғаи электронии: zarnigorrajabova@gmail.com равон намоянд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво