12 октябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Форуми ҷумҳуриявии «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат!» дар Суғд доир мешавад

6808
Аз 3 то 6 августи соли равон дар вилояти Суғд Форуми ҷумҳуриявии кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва дигар намояндагони ҷавонони фаъоли мамлакат таҳти унвони «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат!» баргузор мегардад.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар Форуми мазкур, ки ба Соли ҷавонон бахшида мешавад, иштироки 150 нафар ҷавонон аз тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои кишвар дар назар аст.
Дар доираи Форум барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, суҳбату вохӯриҳои сатҳи баланд, ҳамоишҳо, саёҳати иштирокчиён ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии вилояти Суғд ва мусобиқаҳои варзишӣ доир карда мешаванд. Дар рӯзҳои Форум ҳамзамон баргузории конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон» дар назар дошта шудааст.
Форуми мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор карда мешавад.





Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво