27 сентябр 2022, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Ҷавонон-неруи рушди зеҳнии кишвар»- Форуми илмии байналмилалӣ дар Кӯлоб

20326
Дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Форуми 3-юми илмии байналмилалии «Ҷавонон- неруи рушди зеҳнии кишвар» бахшида ба 11 июн-Рӯзи кормандони соҳаи саноати сабук, Соли ҷавонон ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мақсади Форум тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва дар ин замина фароҳам овардани шароити мусоид бобати рушди неруи зеҳнию ақлонии ҷавонон арзёбӣ гардид.

Бино ба иттилои манбаъ, дар Форуми мазкур шарикони ҳамкор аз муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар, бахусус шаҳрҳои Москва, Иваново, Воронежи Федератсияи Россия ва аз Украина иштирок доштанд ва ба маърӯзаҳои илмӣ, ихтироот, намоиши дастовардҳои зеҳнии ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон баҳои баланд гузоштанд.

Баргузории чунин форумҳо метавонад барои ҷавонон дар самти пешниҳоди лоиҳаҳои инноватсионӣ ҷиҳати рушди соҳаи саноати кишвар шароити мусоид фароҳам оварад.

Иштирокчиёни форум бо ифтихормандӣ аз дастовардҳои соҳаи саноати кишвар дар тӯли 20 — соли Ваҳдати миллӣ ёдовар гардиданд. Барои меҳмонон ва иштирокчиёни Форуми байналмилалӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатии «Ваҳдатсарои миллат» манзур гардонида шуд.





Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво