26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

2952
Дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалаи Ориёнои шаҳри Кӯлоб бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои маъмурию таълимӣ, озмоишгоҳи таълимию илмӣ ва хобгоҳи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб расман оғоз бахшиданд.
Шаҳраки маъмурию таълимӣ ва истиқоматии Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бо дастгириҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Дирексияи иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад. Дар айни замон лоиҳаи ангоравии иншооти мазкур тасдиқ шуда соли 2017 барои сохтмони бинои маъмурию таълимии 11 ошёна, озмоишгоҳи таълимию илмӣ ва хобгоҳи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб 13 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Мувофиқи дурнамо дар биноҳои нав барои ба таълим фаро гирифтани 3000 ҳазор донишҷӯй шароит фароҳам оварда шуда ҳамчунин хобгоҳи дорои шароити муосир бунёд мегардад, ки барои 600 нафар пешбинӣ шудааст. Мувофиқи нақшаи дурнамо дар ин мавзеъ ҳамчунин бинои истиқоматии 9 ошёна барои омӯзгорон, толорҳои бузурги маҷлис ва варзишӣ, боғ ва майдонҳои истироҳатию бозиҳои гуногуни варзишӣ сохта мешавад.
Хотиррасон бояд кард, ки Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб тибқи дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи дурнамои барномаи тараққиёти вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2003 таъсис дода шуда муассисаи таҳсилоти олии касбӣ оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи саноат ва техналогияҳои муосири соҳавӣ мебошад. Ҳоло дар Донишкада дар 5 факулта аз рӯйи 35 ихтисос 2015 донишҷӯй ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар сохтори Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи таълимӣ барои омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳа амал намуда дар шаҳри Кӯлоб ҳамчунин дар тобеияти худ як литсейи инноватсионӣ дорад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво