10 август 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Конфронси илмӣ - назариявӣ дар Кӯлоб

1064
Дар бинои Суди шаҳри Кӯлоб конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба таҷлили 21-умин солгарди Сарқонуни Чумҳурии Точикистон бо иштироки доираи васеи судяҳо аз шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор гардид.

Зикр шуд, ки Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат раҳнамои ҳамешагӣ буда, кафили сулҳу амонӣ ва поягузори ваҳдати комил мебошад.

Сарқонун ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик буда, барои сулҳу оромӣ ва ба ваҳдат расидани точикон нақши муҳим дорад. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви САҲА дониста шудааст.

Дар интиҳо миёни кормандони мақомоти суд ва иштирокчиён оид ба бобу моддаҳои Сарқонун суолу чавоб сурат гирифта, барои баргузории чунин нишастҳои муфид пешниҳодоти судманд қабул шуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво