24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш озмуни «Ҷоиза барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ» эълон менамояд

335
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҷавонони касбу кори гуногун озмуни «Ҷоиза барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ» доир менамояд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, озмуни мазкур дар доираи «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022» роҳандозӣ шуда, ҷоиза ба ҷавононе, ки дар вазъияти ҷангӣ ҷасорату фидокорӣ нишон дода, дар ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ, хизматию шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар вазъияти барои ҳаёт хатаровар, дар ҳолатҳои шадид, ки ба наҷоти ҳаёти инсон вобаста мебошанд, аз ҷумла ғарқшавӣ, сӯхтор, офатҳои табиӣ ва ғайра иштирок намудаанд, тақдим карда мешавад.

Ҷоиза барои шаҳрвандони аз 14 то 35-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда, довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро мутобиқ ба низомномаи Ҷоиза то моҳи декабри соли равон ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш пешниҳод намоянд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво