26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Наврасони маркази ноҳияи Мурғоб соҳиби толори варзишӣ мегарданд

353
Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Мурғоб дар остонаи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби толори нави варзишӣ шуда, минбаъд тамрину мусобиқаҳои варзишии худро дар чор фасли сол идома хоҳанд дод.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад, ин толори варзишӣ бо кумаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, соҳибкорони маҳалӣ ва неруи кории омӯзгорону ҷавонони маркази ноҳия сохта мешавад. Раиси ноҳия Ҳусния Раҷабзода зимни боздид аз толори мазкур аз бинокорон хоҳиш намуд, ки «ба суръату сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти ҷиддӣ равона кунанд, зеро тобистони ин ноҳияи баландкӯҳ хеле кӯтоҳ-ҳамагӣ се моҳро дар бар мегирад ва бо истифода аз рӯзҳои гарм корҳои андовакунӣ ва рангу боркунӣ бояд то охири моҳи август ба анҷом расонида шаванд. Коре кунем, ки ин толори варзишӣ барои чандин насл хизмат намояд”.

Дарозии олори варзишӣ 24 метр буда, паҳноии он ба 12 метр мерасад.

Корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳия Канатбек Колчокбоев, ки рӯзҳои истироҳат ҳамроҳи бинокорон кор мекунад, бунёди толори варзиширо барои тамрини бадан, такмили истеъдоду маҳорати варзишии кӯдакону наврасон ва ҷавонони ноҳия хеле муҳим мешуморад. Дар ин ҷо барои баргузор кардани мусобиқаҳо аз намуди футболи хурд, волейбол,баскетбол шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Мавсуф гуфт, ки «баргузории бозиҳои варзишӣ на танҳо ба рушди варзиш дар ноҳия кумак мерасонад, балки дӯстию рафоқати байни ду миллат -тоҷику қирғизро, ки садсолаҳо дӯш ба дӯш истода, барои ободонии ин гӯшаи дурафтодаи Тоҷикистон талош меварзанд, боз ҳам қавитар месозад».

Бинокорон гуфтанд, ки толори варзиширо дар арафаи ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода месупоранд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво