6 октябр 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Хоруғ соҳибкори маҳаллӣ толори варзиширо таъмир ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намуд

542
Дар шаҳраки ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ боз як толори варзишӣ навсозӣ ва бо тамоми таҷҳизоти муосир таъмин карда шуд. Сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сураҷ Чоршанбиев гуфт, ки «дар давраи истиқлолияти давлатии кишвар таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба варзиш бамаротиб афзоиш ёфт. Ҳар яке аз онҳо кӯшиш мекунад, ки парчами миллати худро дар толорҳои бузурги ҷаҳонӣ баланд бардорад. Инро ба назар гирифта, ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои вилоят толорҳои хурду бузурги варзишӣ бунёд ва навсозӣ мешаванд. Дар баробари мақомоти марбутаи давлатӣ дар бунёду навсозии толору майдончаҳои варзишӣ соҳибкорони маҳаллӣ низ саҳм мегузоранд».

Толори мазкур бо кумаку дастгирии сохибкор Саламшо Имомназаров, ки Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, бо харҷи беш аз аз 190 ҳазор сомонӣ сохта шуд. Ин соҳибкори маҳаллӣ гуфт, ки ҳамаи таҷҳизот бо маслиҳату тавсияи мутахассисони соҳаи варзиш харид ва дар ихтиёри варзишгарон гузошта шуд. Дар корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот худи варзишгарон кумак расониданд.

Дастурдиҳандаи Мактаби варзишии вилоят Ғуломҳусейн Мародҳусейнов бо изҳори сипос ба ин соҳибкори ҷавон гуфт, ки «бо истифода аз чунин шароит сатҳу сифати тамрину мусобиқаҳои варзишӣ боз ҳам боло хоҳад рафт. Баъд аз ин мутобиқи реҷа духтарону занон ҳам метавонанд дар ин толор ба машқи бадан машғул шаванд».




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво