25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ифтитоҳи майдони варзишӣ ва толори варзишии болопӯшида дар деҳаи Хайркорони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон

284
Дар доираи сафари корӣ 24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хайркорони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Маҷмааи варзишии “Бахтиёри Шамс”-ро ба истифода супурданд.

Маҷмаи варзишии мазкур аз шумори иншоотест, ки ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Сулаймон Шамсов бо маблағи 550 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Маҷмааи варзишии “Бахтиёри Шамс” дорои толори варзишии болопӯшида аст, ки дарозиаш 40 метр ва паҳноиаш 18 метрро ташкил медиҳад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ иттилоъ доданд, ки толори варзишии болопӯшида барои бозии футболи хурд, тенниси рӯи миз, волейбол, баскетбол ва намудҳои гуногуни варзиш пешбинӣ шуда, дар он барои варзишгарон ҷойҳои либосивазкунӣ ва дигар шароити зарурӣ муҳайё мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори маҳаллӣ, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар корҳои созандагӣ саҳми фаъол гузоштааст, изҳори миннатдорӣ намуда, чунин иқдоми бунёдкоронаро нишонаи олии ватандӯстӣ арзёбӣ карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати озоду самимӣ бо варзишгарон таъкид карданд, ки аз чунин шароити мусоид ба таври васеъ истифода намуда, бештар ба машқу тамрин машғул шаванд.
Дар шафати толори варзишии болопӯшида ҳамчунин майдони варзишӣ бо дарозии 110 метр ва паҳноии 65 метр, ки дорои 800 ҷойи нишаст мебошад, тибқи стандарти байналмилалӣ бунёд гардида, барои бозии футбол пешбинӣ шудааст.

Саҳн ва атрофи толори варзишии болопӯшида ва майдони варзишӣ бо шинонидани ниҳоли дарахтони ороишӣ ва сояафкани нодир ба мавзеи ободу зебо табдил ëфтааст.

Наврасону ҷавонон дар ин маҷмааи варзишӣ, ки дорои шароити мусоид аст, ба машқу тамрин машғул шуда, дар оянда ба ҳайси варзишгарони варзида муаррифи давлату миллати хеш дар арсаи байналмилалӣ мегарданд.

Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин замони соҳибистиқлолӣ 73 майдонча ва 5 толори варзишӣ мавриди истифода қарор гирифта, дар Муассисаи мактаби варзишии кӯдакону наврасон аз рӯи 8 намуди варзиш 387 нафар ба машқу тамрин ҷалб карда шуданд.

Бунёди майдонча ва толорҳои варзишӣ ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тамрин имкон фароҳам овард, ки танҳо соли 2020 варзишгарони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин зимни ширкат дар мусобиқаҳои варзишӣ сазовори 18 медал, аз ҷумла 9 медали тилло, 4 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ гарданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво