9 ноябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«AirAstana» баъд аз як сол дар масири Душанбе-Алмаато парвозҳои мунтазамро роҳандозӣ менамояд

253
Шурӯъ аз 14 марти соли равон парвозҳои мунтазами байналмилалӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон роҳандозӣ мегарданд.
Назар ба иттилои Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода, 14 март ширкати ҳавопаймоии Қазоқистон «Air Astana»дар хатсайри Душанбе –Алмаато парвоз анҷом медиҳад. Ҳамзамон 17 март ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Somon Air» дар масири Душанбе-Алмаато ба парвозҳои мунтазами ҳавоӣ шурӯъ мекунад. Ҳамин тариқ Қазоқистон панҷумин кишварест, ки баъд аз як соли қатъ гардидани парвозҳои мунтазами ҳавоӣ дар иртибот ба хуруҷи бемории Covid-19 ва эълон гардидани пандемия парвозҳои мунтазами байналмилалиро бо Тоҷикистон барқарор намуд.

Қаблан Тоҷикистон бо кишварҳои Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ӯзбекистон ва Афғонистон парвозҳои мунтазами байналмилалиро барқарор намуда буд. Алҳол ширкатҳои ҳавопаймоии «Somon Air» -Тоҷикистон, «Turkish Airlines»,-и Туркия, «Flay Dubai»-и Аморати Муттаҳидаи Араб, «Uzbekistan Airways»-и Ӯзбекистон ва «Kam Air»-и Афғонистон дар масири Душанбе-Истанбул, Душанбе-Дубай, Душанбе-Тошканд, Душанбе-Кобул парвозҳои мунтазам анҷом медиҳанд.

Дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба барқарор намудани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ миёни Тоҷикистон ва Россия роҳбари мақомоти салоҳиятдори авиатсияи граждании Тоҷикистон гуфт, ки алҳол ин масъала мавриди омӯзиш ва гуфтушуниди ҷонибҳо қарор дошта, санаи барқарории парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистон ва Россия ҳанӯз мушаххас нест.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво