6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барқарор намудани парвозҳои мунтазами ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Россия дар авлавияти фаъолият қарор дорад

232
Интизор меравад, ки ояндаи наздик парвозҳои ҳавоӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои Россия, Чин, Қазоқистон ва Қирғизистон барқарор гарданд.

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки бо мақсади ба роҳ мондани парвозҳои мунтазами ҳавоӣ бо кишварҳои Россия, Чин, Қазоқистон ва Қирғизистон, ки аз моҳи марти соли 2020 бар асари авҷи бемории сироятии COVID-19 муваққатан боздошта шуда буд, корбарӣ рафта истодааст. Номбурда зикр намуд, ки дар ин самт мақомоти авиатсионии Тоҷикистон бо ҳамтоёни хориҷии худ бо мақсади барқарор намудани парвозҳои мунтазам бо кишварҳои болозикр, ки аз шарикони асосии кишвари мо мебошанд, гуфтушунидҳо ба роҳ монда, тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

-Хусусан барқарор намудани парвозҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Россия аз вазифаҳои аввалиндараҷа дар назди мақомоти авиатсионии Тоҷикистон мебошад, зеро ҳудуди 70 фоизи парвозҳои ҳавоие, ки аз фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд, ба Федератсияи Россия рост меояд ва барқарор кардани парвозҳои мунтазами ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барои кишвари мо хеле муҳим аст,- мегӯяд директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон. Ин дар ҳолест, ки Россия парвозҳои мунтазами ҳавоиро бо Арманистон, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон барқарор намудааст.

Зикр шуд, ки алҳол байни Тоҷикистон ва Россия танҳо парвозҳои чартерӣ аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон ва ширкатҳои ҳавопаймоии Россия сурат мегиранд, ки онҳо танҳо ба ҳамлу нақли шаҳрвандони Россия ва Тоҷикистон нигаронида шудаанд.

Таъкид гардид, ки айни замон аз Тоҷикистон ба самти Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ӯзбекистон парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр», «Туркиш Эйр», «Флай Дубай» ва «Ӯзбекистон ҳавоюларӣ» ба роҳ монда шудаанд, ки бозгӯи ба эътидол омадани вазъи эпидемикӣ дар кишварамон мебошад.

Икром Субҳонзода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти авиатсионии Тоҷикистон дар соли гузашта гуфт, ки соли 2020 барои корхонаҳои авиатсионии кишвар соли душвор буд, зеро пандемияи Covid-19 дар тамоми соҳаҳо, хусусан бахши авиатсияи мамлакат таъсири манфӣ расонид.

Соли гузашта аз чор фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон – фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ду ширкати ҳавопаймоии ватанӣ ва 12 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ парвозҳо анҷом доданд. Вобаста ба иҷрои парвозҳо ва таъйинот дар хатсайрҳои дохилию байналмилалӣ соли 2020 ба ширкатҳои байналмилалии ватанӣ ҷиҳати иҷрои парвозҳои хатсайрҳои байналмилалӣ барои иҷрои 98 парвоз дар як ҳафта иҷозати парвоз дода шудааст, ки аз онҳо 31 парвоз ба ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва 67 парвоз ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» рост меояд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво