Тоҷикистон ва Афғонистон парвозҳои мунтазами байналмилалиро оғоз намуданд
267
Баъд аз як соли қатъи парвозҳои ҳавоӣ байни ду кишвари ҳамҷавор — Тоҷикистон ва Афғонистон парвозҳои мунтазами байналмилалӣ дар масири Душанбе-Кобул барқарор гардиданд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Икром Субҳонзода иттилоъ дод.
Мавсуф афзуд, ки 10 марти соли равон баъд аз як соли таваққуф аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Афғонистон «KamAir» дар масири Душанбе-Кобул парвози мунтазами ҳавоӣ ба роҳ монда шуд, ки он бозгӯи вазъи муътадили эпидемикӣ дар кишвар мебошад. Ба роҳ мондани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар ҳолест, ки чанде қабл дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва кишварҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон намояндагӣ доранд, аз ҷумла, «Kam Air»-и Афғонистон вохӯрӣ доир гардид. Зимни мулоқот масъалаи барқарор намудани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ матраҳ шуд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |