26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Муъминобод: Дар рӯзҳои ҷашни 25- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон варзишгоҳи марказӣ ба истифода дода мешавад

1420
Муъминобод: Дар рӯзҳои ҷашни 25- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон варзишгоҳи марказӣ ба истифода дода мешавад
Дар ноҳияи Муъминобод чун дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат сокинон барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд ва кормандони ташкилоту идораҳо, ҳокимияти давлатӣ ва сокинон ба ҳашар баромада, дар ободу зебо намудани атрофи корхона, роҳраву гулгашт ва кӯчаю маҳаллаҳо саҳм мегузоранд. Дар хиёбони марказии ноҳия навсозии беш аз 700 метр роҳ идома дошта, аввалин маротиба дар маркази ноҳия чароғакҳои муосири рақамӣ насб карда шуданд. Нарм кардани бехи дарахтон, тоза кардани ҷӯйборҳо ва кашидани хатти оби нӯшокӣ дар ҳамаи кӯчаҳо ҷараён дорад.
Давоми 7 моҳи соли равон як қатор иншоот, аз ҷумла хатти оби нӯшокӣ ва иншооти маданию хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. То ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани чанд иншооти бузург низ дар назар аст.
Тавре корманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муминобод Олимҷон Табаров иброз дошт, яке аз иншооте, ки дар ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад- ин варзишгоҳи марказии ноҳия мебошад.
Сохтмони мазкур бо фармоиш ва маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиёда аз 7 ҳазор ҷои нишаст пешбинӣ шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво