27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ва Иттиҳодияи корфармоён Созишномаи генералӣ ба имзо расонида шуд

282
Дирӯз бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 Созишномаи генералӣ ба имзо расонида шуд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани мутобиқати манфиатҳои кормандон, корфармоён ва мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатӣ ҳамкории сетарафа ба роҳ монда шудааст. Ҳамкорӣ бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳои меҳнатӣ бо ба имзо расонидани созишномаи генералӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ сурат мегирад, ки яке аз шаклҳои амалӣ намудани шарикии иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.

Созишномаи генералӣ масъалаҳои мубрами рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба миён мегузорад, ки ҳалли онҳо тавассути ҷидду ҷаҳд ва саъю кӯшиши Тарафҳои шарикии иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дорад.

Ин санад принсипҳои асосии муносибатҳои иҷтимоӣ ва меҳнатиро муқаррар намуда, ба манфиатҳои беш аз 2,5 миллион шаҳрвандони мо, ки дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт кор мекунанд, мустақиман дахл дорад.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи генералӣ барои солҳои 2018-2020 байни вазорату идораҳо, корхонаҳои бузург, дигар ташкилоти соҳавӣ ва 17 кумитаи ҷумҳуриявии соҳавии иттифоқи касаба 58 созишномаи соҳавӣ баста шуд. Дар маҷмӯъ, 114 созишномаи соҳавӣ ва минтақавӣ дар миқёси ҷумҳурӣ имрӯз амалӣ шуда истодаанд.

Созишномаи навбатӣ даҳумин созишномаи генералӣ дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, мутобиқ ба Низомномаи тартиби таҳия ва бастани созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар натиҷаи муколамаи иҷтимоии шарикони сетарафа таҳия гардидааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво