26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

701
Имрӯз дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Созишномаи ҳамкориро аз ҷониби Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва аз тарафи Ӯзбекистон раиси Хадамоти бехатарии давлатӣ Ихтиёр Абдуллоев ба имзо расониданд.

Мавриди зикр аст, ки муносибатҳо миёни ҳарду мамлакати дӯсту бародар дар сатҳи сифатан нав қарор доранд. Аз ҷумла, ҳамкориҳои судманд байни Хадамоти махсуси ду кишвар дар самти мубориза ба муқобили таҳдидҳои замони муосир қобили зикр мебошад.

Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеъ ва сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мубориза ба муқобили терроризми байналмилалӣ, аз ҷумла, созмон ва ташкилоти террористиву экстремистии дорои характери динӣ, дигар гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки дар хоки Афғонистон амал мекунанд, пурра дастгирӣ менамояд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористиву экстремистӣ мавқеи устувор, қатъӣ ва ягона доранд.

Бояд гуфт, ки ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ба таври густурда сурат мегирад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво