26 ноябр 2020, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо СУТ Созишномаи дусолаи ҳамкорӣ ба имзо расонид

16
20 октябр Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва директори Дафтари минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо доктор Ҳанс Клуге ба тариқи виртуалӣ Созишномаи навбатии дусолаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи онлайнӣ ба Дафтари минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо барои дастгирии доимӣ дар самти мубориза бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 изҳори миннатдорӣ намуд.

-Имрӯз аз нуқтаи назари таърихӣ рӯзи муҳим аст, зеро мо бори аввал бо шумо дар шакли виртуалӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Созишномаи навбатии дусола ба имзо мерасонем. Мехоҳам шуморо бовар кунонам, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои ҳамкории глобалӣ барои рафъи бемории коронавируси нави COVID-19 содиқ мебошад,-иброз дошт вазир.






Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво