26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: Аз 1-уми феврал дар қаламрави мамлакат баргузории ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ иҷозат дода мешавад

276
Аз 1-уми феврали соли 2021 дар қаламрави мамлакат баргузории ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию чамъиятӣ иҷозат дода мешавад. Дар ин бора имрӯз Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд.

Дар иттилоияи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба АМИТ «Ховар» ворид гардид, аз ҷумла омадааст:

«Дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо вазъияте, ки дар соли 2020 ҷомеаи ҷаҳонро ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ намуд, бо суръат паҳн гаштани бемории сироятии коронавирус мебошад.

Ин бемории сироятӣ дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ паҳн гардид ва таъсири манфии худро ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа расонид.

Вобаста ба паёмадҳои ногувори ин беморӣ қариб дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон баргузории ҳама гуна чорабиниҳои оммавӣ, фаъолияти марказҳои хизматрасонӣ ва иттиҳодияҳои динӣ манъ карда шуд.

Вобаста ба вазъи воқеии имрӯза Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад.

— бо дарназардошти тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ вобаста ба сирояти коронавирус- COVID-19 аз 1-уми феврали соли 2021 дар қаламрави мамлакат баргузории ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию чамъиятӣ иҷозат дода шавад;

— Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Маркази исломӣ якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешаванд, ки вобаста ба амалӣ шудани қарори мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, дар иттиҳодияҳои динӣ ва масҷидҳо риояи қатъии қоидаҳои гигенаи шахсию ҷамъиятиро ҳангоми баргузории ибодати дастаҷамъона таъмин намоянд.

Ҳамчунин Ситоди ҷумҳурияви оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки бо вуҷуди тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятиро қатъиян риоя намуда, ҳангоми ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла дар масҷидҳо махсусан дар намозҳои ҷумъа ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоянд.

Дар масҷидҳое, ки талаботи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ риоя намегардад, фаъолияташон манъ карда мешавад».




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво