4 октябр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Риояи фосилаи иҷтимоӣ ва қоидаҳои санитарию гигиенӣ

559
Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа вазъи эпидемиологӣ вобаста ба сирояти COVID-19 дар қаламрави мамлакат ва рафти иҷрои қарорҳои қаблии Ситоди ҷумҳуриявӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ қарор қабул намуд, ки тадбирҳои пешгирикунандаи сироят аз ҷониби аҳолӣ бо дарназардошти истифодаи ҳатмии ниқоб, маводи безараргардонӣ дар ҷойҳои корӣ ва ҷамъиятӣ, терминалҳои мусофиркашонӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, бозору мағозаҳо ва муассисаҳои табобатию профилактикӣ тақвият дода шавад.

Ҳамчунин Ситоди ҷумҳуриявӣ бо дарназардошти тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ вобаста ба сирояти коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки аз 15 июни соли равон ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла марказҳои савдо, бозорҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва ғайра бо таъмини безараргардонии мунтазами муассисаҳои мазкур, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемиявӣ ба фаъолият оғоз намоянд.

Таъкид карда шуд, ки бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи қатъии гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва истифодаи ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ҳатмӣ буда, дар сурати риоя нагардидани ин талабот нисбати шахсони воқеӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва мансабдорон чораҳои қонунӣ андешида мешавад ва ҷаримабандӣ пешбинӣ мегардад.

Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати пешгирии хавфи хуруҷи паҳншавии мавҷи дуюми сирояти COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас ва зарурӣ андешанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво