19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ситоди ҷумҳуриявӣ: Дар Тоҷикистон баргузории ҳама гуна ҷамъомадҳо, гаштугузорҳо ва инчунин идгардак дар рӯзи иди Қурбон манъ мебошад

376
Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинони мамлакат мерасонад, ки бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа, таъмини бехатарии аҳолӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ дар Тоҷикистон баргузории ҳама гуна ҷамъомадҳо, гаштугузорҳо, инчунин идгардак дар рӯзи иди Қурбон манъ мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шудааст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ вобаста ба риоя шудани талаботи мазкур корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ тақвият бахшанд.

Ҳамзамон Ситоди ҷумҳуриявӣ аз сокинони мамлакат даъват менамояд, ки дар асоси тавсияи мутахассисони соҳаи тандурустӣ амал карда, қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ, фосилаи байниҳамдигарӣ ва истифодаи ниқобҳои тиббии муҳофизатиро қатъиян риоя намоянд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво