Вакилони Маҷлиси намояндагон дар Панҷакент бо интихобкунандагон мулоқот доир намуданд
255
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров — аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ ва Парвиз Шодизода — аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Панҷакент №21 дирӯз дар шаҳри Панҷакент бо интихобкунандагон мулоқот намуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот бо сокинони шаҳр Абдуҳалим Ғаффорзода доир ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу суботи сиёсӣ дар мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ибрози андеша намуд. Ӯ ҳамчунин доир ба зарурати истифодаи сарфакоронаву самаранок ва оқилонаи неруи барқ андешаронӣ намуда, сокинони шаҳру деҳоти Панҷакентро даъват кард, ки муҳимияти истифодаи самаранок ва сарфакоронаи неруи барқро ба хубӣ дарк намуда, дар ин самт бетараф набошанд. Вакили Маҷлиси намояндагон Парвиз Шодизода зикр намуд, ки новобаста аз таъсири манфии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) ба аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, Ҳукумати мамлакат фаъолияти мунтазам ва бомароми мақомоти давлатиро дуруст ба роҳ монда, дар ин давра ҷиҳати таъмини пешрафти иқтисоди мамлакат лоиҳаи қонунҳои мукаммалро таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки мавриди баррасӣ қарор гирифта, қабул гардиданд. Зикр гардид, ки баҳри бартараф намудани таъсири пандемия ба иқтисодиёт ва гирифтор нагардидан ба мушкилоти норасоии озуқаворӣ соҳаи кишоварзӣ ва самаранок истифода намудани ҳар порчаи замин зарурати беш аз пеш тақозо мекунад. Дар ин росто, роҳбарону фаъолон ва хоҷагиҳои деҳқониро зарур аст, ки дар самти сари вақт кишт намудани зироат ва гирифтани ду-се ҳосил, бахусус дар заминҳои наздиҳавлигӣ, кооперативҳои тиҷоратӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ корбарии судмандро ба роҳ монанд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода изҳор дошт, ки дар самти вусъат бахшидан ба корҳои кишоварзӣ ҷиҳати омодагиҳо ба мавсими кишту кори саҳроӣ дар ҳудуди шаҳру деҳот гурӯҳҳои корӣ ташкил ва сафарбар карда шуда, миёни аҳолӣ доир ба истифодаи самараноки замин ва сарфаи неруи барқ корҳои фаҳмондадиҳӣ пайваста ҷараён доранд. Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамчунин бо сокинони Ҷамоати деҳоти Саразм низ доир гардида, дар дигар ҷамоатҳо ва деҳоти ноҳия идома меёбад. Ёдовар мешавем, ки тибқи ҷадвали гузаронидани вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон аз 31 декабри соли 2020 то 9 январи соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сурат мегирад.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |