27 январ 2022, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Садои мардум» 30-сола мешавад

297
1 январи соли 2021 аз таъсиси нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Садои мардум» 30 сол пур мешавад. Ба ин муносибат имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷамъи вакилони мардумӣ ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 30-солагии таъсиси ин рӯзномаи серхонандаи мамлакатро табрик намуд.

Бо мақсади ботантана ҷашн гирифтани 30-солагии рӯзномаи «Садои мардум», ки ҳамсоли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, Раиси Маҷлиси намояндагон ба сардабири нашрия Асозода Самариддин ва 15 нафар кормандони нашрияи мазкур “Ифтихорнома”-ҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуд.

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов, Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид намуд, ки «нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сари вақт ва ҳамаҷониба инъикос намудани фаъолияти шӯроҳои намояндагони халқ, нақши онҳо дар ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, инъикоси қонунҳои қабулгардида ва ибрози назари вакилони мардумӣ таъсис ёфта, аз оғози фаъолияти худ то имрӯз аз арзишҳои милливу давлатӣ дифоъ менамояд ва баҳри пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва шукуфоии диёр саҳми арзишманд мегузорад».

Ёдовар мешавем, ки нашрияи «Садои мардум» 1 январи соли 1991 таъсис ёфта, аввалин сармуҳаррири он рӯзноманигори варзида Муродулло Шерализода буд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво