26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Моҳи ноябр дар Рашт 25 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд

397
Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар соҳили дарёи Сорбоғи ноҳияи Рашт аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Мирзохуҷа Ғиёсов коргоҳи истеҳсоли сангу шағал бунёд гардид. То ин давра дар ин мавзеъ чунин коргоҳи сангу шағалмайдакунӣ набуд. Дар назар аст, ки дар оянда коргарони ин коргоҳ сохтмонҳои ноҳияро бо ин гуна масолеҳ таъмин намоянд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт бунёди 315 иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. Танҳо моҳи ноябри имсол 25 адад иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Иншооти ҷашнӣ асосан аз ҳисоби маблағҳои мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорону аҳолӣ сохта мешаванд.

Соли равон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 14 иншооти таъйиноти гуногун бо иштироки меҳмонону сокинони ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Иншооти баистифодадодашуда китобхона, майдончаи варзишӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ, бинои иловагии муассисаи таълимии рақами 33-и ноҳия барои 300 нафар хонанда дар ду баст, корхонаи истеҳсоли хишти пухта бо иқтидори сад ҳазор дона дар як ҳафта ва марказҳои хизматрасонию соҳилмустаҳкамкунии дарёҳои Сурхобу Сорбоғ буда, асосан аз ҳисоби маблағҳои мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорону аҳолӣ бунёд шудаанд.

Ҳамчунин соли 2020 ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷавонони деҳаи дурдасти Лангараки Ҷамоати деҳоти Қалъаи сурх, ки солҳо боз ба майдончаи варзишии замонавӣ эҳтиёҷ доштанд, бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва дастгирии аҳолии деҳа дар муддати ду моҳ соҳиби майдончаи замонавии варзишӣ гардиданд. Акнун ҳамарӯза даҳҳо нафар ҷавонон дар ин майдонча ба намудҳои гуногуни варзиш машғул шуда, маҳорати худро боз ҳам сайқал медиҳанд.

Моҳи июли соли равон бо дастгирии молиявии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода дар маҳаллаи Рашти шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт дар муддати кӯтоҳ чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд, ки чуқурии чоҳ 86 метр буда, дар сохтмони он 220 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.

Раиси маҳаллаи Рашти шаҳраки Ғарм Зикрулло Ҳайдаров иброз дошт, ки бо оби нӯшокӣ таъмин гардидан орзуи чандинсолаи 120 хоҷагии ин маҳалла буд. Хушбахтона, бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ ва ёрдами сокинони ин маҳалла орзуи дерини сокинон ҷомаи амал пӯшид. Дар баробари ба истифода додани чоҳи амудӣ, роҳҳои мошингарди дохили маҳалла ҳамвор ва сангфарш карда шуданд. Соли гузашта роҳе, ки маҳалларо бо шоҳроҳ мепайвандад, бо кумаки Вазорати корҳои дохилӣ дар масофаи зиёдтар аз ду километр мумфарш гардид.

Соли 2020 барои сокинони деҳаи Шули Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт хотирмон буд, зеро 2 километр роҳи мошингарди деҳа бо иқдоми соҳибкорон асфалтпӯш гардид. Инчунин ба истифода додани се истгоҳ дар шаҳраки Ғарму деҳаи Ҷафр ва Мулло Барот, чароғон намудани кӯчаи деҳаи Ҳоит, таъмири канали Туркон ва сохтмони осиёби обӣ дар деҳаи Ҳиҷборак аз ташаббусҳои ватандӯстонаи соҳибкорони маҳаллӣ мебошад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво