20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Варзоб соҳибкорони маҳаллӣ беш аз 40 иншооти таъйиноти гуногун бунёд намуданд

312
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ беш аз 40 иншооти таъйиноташон гуногун, аз қабили муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 64 дар деҳоти Гулбоғ, толори варзиш, маркази забономӯзӣ, дорухонаҳо дар деҳаи Чорбоғ, хоҷагии мурғпарварӣ, хати оби ошомиданӣ, майдончаи варзиш, сехи дӯзандагӣ дар деҳоти Лучоб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Варзоб хабар медиҳад.

Дар ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва дастгирии соҳибкорон сохтмони 57 иншооти дигар идома дошта, баъди бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онҳо 108 нафар бо ҷои кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин мегарданд. Инчунин дар боғи фарҳангии маркази ноҳия бунёди иншооти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳия 280 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз беш аз 140 адади он бунёд ёфтаанд, ки дар онҳо 354 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво