27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО НЕРУИ БАРҚ, МАВОДИ ҒИЗОӢ ВА ВУСЪАТ ДОДАНИ ТАДБИРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ.

232
17 декабр дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода, президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода машварати корӣ баргузор шуд. Дар ҷараёни кори машварат роҳбарони шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулини бахшу сохтори мақомоти иҷроия ва фаъолони шаҳр ширкат намуданд.

Зимни машварат Нуралӣ Асозода вобаста ба корҳои созанда ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода гуфт, ки “дар шаҳр тибқи нақша, аз 382 иншооти ҷашнӣ 242 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Дар иншооти дигар корҳои созандагию бунёдӣ муташаккилона идома дошта, дар самти рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр низ корҳои назаррас ба анҷом расидаанд”.

Муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода доир ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 15 декабри имсол дар машварати корӣ баён гардиданд, иброз дошт, ки “дар машварати зикршуда аз ҷониби Сарвари давлат масъалаҳои таъмин намудани аҳолӣ бо неруи барқ, маводи ғизоӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, вусъат додани тадбирҳои ободониву созандагӣ, омодагӣ ба кишти баҳорӣ, истифодаи самараноки гармхонаҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, омода кардани тухмиҳои аълосифат, омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”.

Вобаста ба сарафакорона истифода бурдани неруи барқ муовини Сарвазири мамлакат таъкид дошт, ки “Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо неруи барқ тадбирҳои зарурӣ андешидааст. Имрӯз аз ҳар яки мо тақозо мегардад, ки ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоем”.

Ҳамзамон ба масъулин гуфта шуд, ки дар заминаи дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаи буҷет, пардохти саривақтии маош ва нафақа, дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ, истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода иброз дошт, ки “мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода бо эътимоди комил изҳор менамоянд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои созандаи муҳтарам Пешвои миллат дар шаҳр аз тамоми имконот истифода намуда, барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд”.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво