29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Турсунзода Соли равшаннамоӣ ва чароғонкунӣ эълон намуданд

406
Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои муҳайё намудани шароити мусоид ҷиҳати сайру гашт ва фароғати сокинони шаҳри Турсунзода дар асоси қарори иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода дар бораи эълон намудани «Соли равшаннамоӣ ва чароғонкунии шаҳри Турсунзода ва деҳот» корҳои сохтмонӣ ва чароғонкунии маркази шаҳр оғоз гардиданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Тибқи маълумоти сардори шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳри Турсунзода Ҷаҳонгир Равшанзода, имрӯзҳо дар шафати роҳҳои нақлиётгард ва кӯчаву тангкӯчаҳои маркази шаҳр 124 адад чароғҳои муосир насб гардида, равшаннамоии шаҳр муташаккилона идома дорад. Дар маҷмӯъ, танҳо дар маркази шаҳр насби беш 900 чароғ ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи қарори мазкур, маъракаи чароғонкунӣ аз 1 июли соли 2020 то 1 июли соли 2021 идома ёфта, дар ин муддат дар қаламрави шаҳр сутунпояҳои фарсудашуда иваз гардида, дар тамоми кӯчаву деҳаҳо, атрофи корхонаву муассиса ва шафати роҳҳои нақлиётгард чароғакҳои равшанидиҳанда насб карда мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво